«ЭКСПО – 2010» ДАВОМ ДОРАД

Май 13, 2010 14:50

Душанбе,  13 май. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Намуди  берунии толори  Тоҷикистон  дар намоишгоҳи  байналмилалии «ЭКСПО – 2010»   дар  шаҳри  Шанхай  ба  қасрҳои  қадимаи  Ҳулбук ё  Хуҷанд  шабоҳат  дорад.  Кумитаи тадорукот  бо  назардошти  мавзӯи  асосии  намоишгоҳ  «Шаҳри  беҳтарин —  зиндагии  шоиста»  мавзӯи  толори  Тоҷикистонро  ба  таърихи  шаҳрсозии  тоҷикон  бахшид.  Дохили  толор  хонаи   муқаррарии  сокинони  Тоҷикистонро  ба  хотир  меорад.  Тамошобинонро  дар  ин  ҷо  бо  оҳанги  мусиқии  форами  тоҷикӣ   пешвоз  гирифта,  ба  онҳо  чойи  кабуди  тоҷикиро  пешкаш  менамоянд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  давоми  даҳ  рӯзи  аввали  фаъолияти  намоишгоҳ  толори  Тоҷикистонро  шумораи   аз  ҳама  зиёди  тамошобинон тамошо  кардаанд.  Ин  натиҷаи  ороиши  хуби  дохили  толор  ва ташкили  ташвиқу  тарғиби  фарҳангу  санъати  тоҷикон  мебошад.  Ҳаминаш  ҷолиби  диққат  аст, ки  экспонатҳои  толори  Тоҷикистон  табиӣ  буда,  бевосита  аз  Тоҷикистон  оварда шудаанд. Тамошобинон  дар  бораи  таърихи  халқи  тоҷик,  дастовардҳои  имрӯзаи он  ва  хусусиятҳои  шаҳрсозии  миллии  тоҷикон  маълумоти  ҷолиби  диққат  дода  мешавад.  Ба тамошобинон  филмҳои «Таърихи  шаҳрсозии  тоҷикон»  ва  «Дастовардҳои имрӯзаи   фарҳангӣ,  туристӣ, илмию  техникӣ,  иқтисодӣ  ва  иҷтимоии  Тоҷикистон» — ро тамошо  мекунанд.

Май 13, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид