ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР «ЭКСПО – 2010»

Май 4, 2010 12:56

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  1  май  дар  намоишгоҳи  ҷаҳонии  «ЭКСПО — 2010»  дар  шаҳри  Шанхайи  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин толори  Тоҷикистон  кушода шуд.  Дар  маросими  кушодашавии  толор вазири рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон Фаррух  Ҳамралиев,   сафири фавқулодда  ва  мухтори  Тоҷикистон  дар  Чин  Рашид  Олимов,  директори генералии раёсати  Осиё  ва ҳавзаи  уқёнуми  Ороми   намоишгоҳ Конг Тсингтао,  директори  генералии раёсати  Осиёи  намоишгоҳ Лу Чен, раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон  Саид  Шариф,  рассоми  халқии  Тоҷикистон,  раиси  Иттифоқи  рассомони  ҷумҳурӣ  Сӯҳроб  Қурбонов  ва  директори толори  Тоҷикистон  дар  намоишгоҳ  Одил  Сангов  ширкат  варзиданд. Ф.Ҳамралиев  зикр  кард, ки дар  толор  намунаҳои  тамоми   сарватҳои табиии Тоҷикистон,  фарҳангу  санъати  миллӣ,  тарзи  зиндагии  сокинони  шаҳрҳо нишон  дода  мешавад. Тамошобинон   имкон  доранд, ки  дар  толори  Тоҷикистон  дар  сояи  токҳои  ангур  дар  лаби  чашмаи  оби  мусаффо  нишаста,  бо  шунидани  чаҳ чаҳи  булбул  чойи  кабуди  тоҷикиро   нӯши  ҷон  кунанд. Дар  толори  Тоҷикистон  намунаҳои  либос,  асбоби  рӯзгор,  намунаи ёдгориҳои таърихӣ,  аз  ҷумла,  нусхаи  муҷассамаи  хобидаи  Буддо, тасвири  ҳавзаҳои оби  мамлакат   ва  нусхаи  нерӯгоҳҳои  барқи обии  Нораку  Роғун  пешкаши тамошобинон  гардонида  мешаванд. Хабар  дода  мешавад, ки  ҳар  дақиқа толори  Тоҷикистонро  60  нафар  тамошо  мекунад.  22  сентябр  дар  намоишгоҳи  байналмилалии  «ЭКСПО – 2010»  Рӯзи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гузаронида  мешавад. Умуман,  имсол  дар намоишгоҳи мазкур  246  давлат  ва  созмони  байналмилалӣ  иштирок  дорад.

Май 4, 2010 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад