КӮМАК БА ВМКБ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи рӯзи 29.05.2010 аз шаҳри Душанбе корвони Ваҳдат, ки иборат аз 22 мошинҳои пурбор аст, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равон шуд. Ин амри башардӯстона бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф аз он дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас намудани озуқаворӣ, сарулибос ва дигар маводи ниёзи ҳаррӯза мебошад. Шумораи шахсони ниёзманд тибқи дастури Сарвари давлат аз ҷониби гурӯҳи кории аз ҳисоби кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъсисёфта муайян карда шудааст. Гурӯҳи корӣ инчунин барои 600 нафар тарбиятгирандагони 18 интернати наздимактабии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарулибос ва ба хотири таъминоти беҳтари онҳо ба қадри зарурӣ маводи хӯрокӣ харидорӣ намуд. Дар баробари ин, ба 1570 оилаи камбизоат, ятимону бепарасторон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбони то синни 16 – сола дар вилоят кӯмаки башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда хоҳад шуд. Ба ҳар яке аз ин оилаҳо 50 килограммӣ орд, 20 килограммӣ шакар, 25 килограммӣ биринҷ, 20 литрӣ равғани растанӣ ва либосҳои кӯдакона дастрас карда мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






