КОМЁБИҲО НАЗАРРАСАНД
Шаҳринав, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев)- Фаъолияти мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳраки Шаҳринав сол то сол рў ба беҳбудӣ ниҳода, шароити таълим ва зисти хонандагон беҳтар мегардад. Хонандагон ба хўроки гарми 4 вақта таъминанд. Дар назди мактаб-интернат хоҷагии ёрирасон фаъолият дорад. Алҳол миқдори хонандагон дар ин даргоҳи умед 302 нафарро ташкил медиҳанд. Комёбиҳои хонандагон дар озмунҳои ноҳиявию минтақавӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас аст. Масалан, Файзулло Сафаров хонандаи синфи 11 аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои сеюм ва медали бринҷӣ гашт. Хонандаи синфи 9 Фирўз Ҳаитов бошад, дар озмуни байналмиллалӣ аз фаннӣ «Асосҳои илм» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ғолиби озмун гашта, бо медали бринҷӣ қадр карда шуд. Мактаб-интернат бо корҳои истеҳсолӣ низ машғул аст. Дар устохонаи мактаб-интернат сехи дуредгарӣ фаъолият дорад. Дар сехи мазкур хонандагони синфҳои болоӣ ба истеҳсоли мизу курсӣ ва асбобҳои хониш машғуланд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






