МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ АНДОЗИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Аз 31 май то 3 июни соли равон дар Душанбе маҷлиси 25 – уми Шӯрои роҳбарони муассисаҳои андози назди Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва маҷлиси 17 – уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони муассисаҳои андози давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар ин маҷлисҳо масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида муҳокима карда мешаванд. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои андоз, дастраси ҳамдигар гардонидани таҷрибаҳои муфид, усулҳои сабти номи андоздиҳандагон, афзун гардонидани масъулияти Шӯрои роҳбарони мақомоти андоз, таҳлили тадбирҳои назоратӣ нисбати субъектҳои соҳибкории хурд, муҳокимаи нақшаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони муассисаҳои андози Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар соли 2010 ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Дар ин маҷлисҳо роҳбарони муассисаҳои андози давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва ИДМ ширкат меварзанд. Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷлисҳои мазкур дар шаҳри Душанбе саҳми Тоҷикистон дар равнақу ривоҷи ҳамкорӣ бо хадамоти андози мамлакатҳои Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва ИДМ ба маротиб хоҳад афзуд. Айни ҳол Ҷомеаи иқтисодии Евразия Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид менамояд. Молдавия, Арманистон ва Украина дар он мақоми мушоҳид доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






