МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА СӮИ АРАБИСТОНИ САУДӢ РОҲ ПЕШ МЕГИРАНД
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нимаи дуюми моҳи июни соли равон беш аз 20 гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳар гурӯҳ иборат аз 25 -30 нафарӣ аст, барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Давлати Арабистони Саудӣ фиристонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии ширкати «Замони Юнус» Ҷамолиддин Расулов иттилоъ дод. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Арабистон дар асоси Созишномаи байни Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи кортаъминкунии палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ фиристонида мешаванд Дар зарфи 6 моҳ ҳудуди 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Душанбе курсҳои кӯтоҳмуддати забони арабиро аз бар намуда, бо урфу одат, анъана ва қонунҳои амалкунандаи ин кишвар шинос гардиданд. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 147 номгӯй ихтисос пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба ихтисосашон дар ин кишвар кор менамоянд. Маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вобаста ба ихтисосашон дар асоси қарордод бо корфармо пардохта мешавад. Иқома ва хӯрок барои муҳоҷирони тоҷик дар давлати Арабистони Саудӣ аз ҷониби корфармо таъмин гардида, муҳоҷирони тоҷик имкон доранд маросими Ҳаҷи фарзиро ба ҷо оранд. Намояндаи ширкати «Замони Юнус» мегӯяд, ки бонувони тоҷик дар танҳоӣ ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристонида намешаванд. Дар он сурат занони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар фиристонида мешаванд, ки агар бо шавҳарҳояшон касб ва ихтисоси якхела дошта бошанд. Яъне, ҳам ҳамсар ва ҳам шавҳар духтур бошанд. Бояд зикр кард, ки ширкати «Замони Юнус», ҳамчун Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд аз моҳи июни соли 2009 фаъолият дошта, дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фиристонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Арабистони Саудӣ аст. Ба ин ширкат, то ба имрӯз беш аз 3, 500 нафар шаҳрвандон барои фиристонидан ба Арабистони Саудӣ ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






