МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МУҲАММАД АЛ-БАРОНИ

Май 18, 2010 14:58

18 майи соли 2010 дар ҳошияи ичлосияи Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷамоҳирияи Либия оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ал-Барониро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории ду кишварро барасӣ намуд. Муҳаммад ал-Баронӣ салому паёми самимии Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар Қаззофиро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, барои дар чунин сатҳи баланд пазироӣ намудани ин ҳамоиши бузурги исломӣ ба ў ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар ҷаззофӣ баҳри густариши бештари ҳамкории дуҷониба ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 18, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид