ПАЁМИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН БА ИФТИХОРИ РЎЗИ ҶАВОНОН
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи ҷавонон 22 майи соли 2010 Фарзандони азиз! Дўстони ҷавон! Ба ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони мамлакат, ки ворисони арзандаи халқи тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошед, Рўзи ҷавононро муборакбод мегўям. Таҷлили ҳамасолаи Рўзи ҷавонон далели равшани таваҷҷўҳ ва ѓамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар мебошад. ҷавонон дар мамлакати мо воқеан нерўи асосии ҷомеа буда, нисбат ба дигар табақаҳои иҷтимоӣ бештар фаъоланд. Имрўз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тўли 19-соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварамон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Шумо — ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дўши шумо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки шуморо вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ кўшишу талош намоед. Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад. Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи ҷавонон табрик намуда, ба ҳар кадоматон дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол пирўзиҳо ва барори кор орзумандам.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






