ПАЁМИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН БА ИФТИХОРИ РЎЗИ ҶАВОНОН

Май 23, 2010 09:30

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори Рўзи ҷавонон 22 майи соли 2010    Фарзандони азиз! Дўстони ҷавон! Ба ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони мамлакат, ки ворисони арзандаи халқи тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошед, Рўзи ҷавононро муборакбод мегўям. Таҷлили ҳамасолаи Рўзи ҷавонон далели равшани таваҷҷўҳ ва ѓамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар мебошад. ҷавонон дар мамлакати мо воқеан нерўи асосии ҷомеа буда, нисбат ба дигар табақаҳои иҷтимоӣ бештар фаъоланд. Имрўз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тўли 19-соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварамон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Шумо — ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дўши шумо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки шуморо вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ кўшишу талош намоед. Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад. Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи ҷавонон табрик намуда, ба ҳар кадоматон дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол пирўзиҳо ва барори кор орзумандам.  

Май 23, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд