РОҲИ ХОРУҒ – ИШКОШИМ КУШОДА ШУД

Май 18, 2010 11:45

Хоруғ,  18 май. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). —  Мухбири  АМИТ «Ховар»  аз  Хоруғ   хабар  медиҳад, ки  шаби  17  май  дар  саросари  Бадахшон  борон  борид.  Аз  ситоди  ҳолатҳои  фавқулоддаи  вилоят  хабар  медиҳанд, ки  дар  мавзеи Харгӯшӣ  дар  километри 228 – уми   роҳи  мошингарди  Хоруғ – Мурғоб  сел  омада,  қитъаи  калони роҳро  шуста  бурд. Дар  наздикии  деҳаи  Огатгаҳани   ноҳияи  Роштқалъа  аз  кӯҳ  хоку  санги  зиёд  фурӯ  рехта,  роҳи  мошингардро  баст.  Дар  ин  ҷо ҳаракати  нақлиёт  ду  рӯз  боз  қатъ  гардидааст. Бар асари  борони  шадид дар  наздикии деҳаи  Лангари  ноҳияи  Тавилдара  сел  омада,  роҳи  мошингардро  хароб  намуд. Хабар  дода  мешавад, ки  дар  натиҷаи тадбирҳои  андешидаи   мутахассисони  идораи  ҳифзу  муроқибати роҳҳои  вилоят   роҳи  мошингарди Хоруғ – Ишкошим  соати  17 – и  17  май  кушода  шуд. Барои  кушодани   роҳҳои  дигари  вилоят  низ   тадбирҳо  андешида  мешаванд.

Май 18, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид