СӮЙИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТҲОИ МАНСАБӢ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакилонаи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шаҳрванд Нуриддин Усмонови 55 – сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, мутахассиси шӯъбаи меъмории Ҳукумати ш. Хуҷанд дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, Н. Усмонов аз ваколатҳои мансабии худ истифода намуда, ба шаҳрванд Абдуҳаким Тоирови 43 — сола, истиқоматкунандаи ҳамин шаҳр, бекор, бе иҷозатномаи махсуси роҳбарият лоиҳаи сохтмони иншоотро бо имзо ва мӯҳри сардорони корхонаҳои ҶДММ «Меъмор» Олимҷон Раҳматови 51 – сола ва ҶДММ «Асри-21» Ҷумъабой Раҳматови 43 – сола тартиб дода, аз А. Тоиров маблағи 10 ҳазору 600 сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






