ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК РАСОНД

Май 17, 2010 09:47

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ба маблағи беш аз 37 ҳазор сомонӣ -10 тонна орди навъи якум,  4 тоннагӣ  картошка ва пиёз, 2 тоннагӣ сабзиву карам ва як тоннагӣ биринҷу, шакар ва равғани растанӣ ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб расонида шуд. Чанде пеш шаҳрдории Душанбе ба зарардидагон 185 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявии нақдӣ ва 90 тонна орд расонида буд. Инчунин, тибқи ин қарор дар асоси лоиҳаҳои дахлдори бо соҳибмулкон мувофиқашаванда, барои сокинони аз офат зарардидаи  шаҳри Кӯлоб, 120 манзили истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи зист, ҳар кадоме бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ то 1 сентябри соли 2010  ба маблағи беш аз 12 миллион сомонӣ  бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд гашт. Ҳамзамон,  ҷиҳати таъминот бо оби ошомиданӣ ва нигаҳдошти вазъи санитарию эпидемиологии варзишгоҳи Марказии шаҳри Кӯлоб, ки  алҳол сокинони бесарпаноҳмонда, дар он ҷо муваққатан зиндагӣ мекунанд,  ду мошини махсуси коммуналии пойтахт  ба таври шабонарӯзӣ ба осебдидагон хизмат мерасонанд.  

Май 17, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад