СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ АЗ ТОҶИКИСТОН БА МОСКВА РАФТАНД

Май 7, 2010 11:53

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Имрӯз, барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Иди Ғалаба бар фашизм, ки дар пойтахти Россия шаҳри Москва рӯзи 9 май баргузор мегардад, 8 нафар иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ба Москва сафар карданд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро роҳбарони фурӯдгоҳ, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", роҳбарияти корхонаи "Аэронавигатсия" ва наздикону пайвандон гусел намуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмаюсуф  Шодиев итилоъ дод, барои таҳти назорати доим қарор додани вазъи саломатии собиқадорон ду нафар масъулони соҳаи тандурустии Вазорати мудофиаи кишвар онҳоро ҳамроҳӣ доранд. Аз ҷониби роҳбарияти фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе маросими қабул ва гусели ветеранҳо ба шаҳри Москва тариқи толори расм (VIP)дар дараҷаи баланд ташкил карда шуд. Пеш аз нишастан ба ҳавопаймо ҷонишини Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Фирӯз Эшонқулов ба ветеранҳо сафари нек орзӯ намуда, собиқадоронро бо гулдаста ва як миқдор маблағи ҷашнӣ табрик кард. Аз номи собиқадорони ҷанг Юнус Юсуфови 83 сола ба халқу миллат ва роҳбарияти кишвар арзи миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки аз ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат Эмомал Раҳмон бархурдоранд ва дастгирии доимиро ҳис мекунанд. Мавсуф афзуд, ки иштирок дар Паради ғалаба дар шаҳри Москва барои мо ветеранҳои Тоҷикистон мукофоти амал аст. Дар қатори дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба даст овардани ғалаба бар фашизм фарзандони сарбаланди миллати тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.  

Май 7, 2010 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад