ТУХМИИ БОСИФАТ — КАФОЛАТИ ҲОСИЛНОКӢ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 27 майи соли равон Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Барномаи «SIDA», дар шаҳри Турсунзода семинари машваратии озмоишии навъҳои гандум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Дар семинар эксперти техникии Барномаи «SIDA» оид ба озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ҷаноби Саймон Купер оид ба фарқият, якшакли ва устувории навъҳои гандум ба мутахассисон маълумот пешниҳод кард. Ӯ афзуд, ки барои ҳосили дилхоҳ ба даст овардан, мебояд тухмӣ пурра озмоиши илмӣ гузашта, сипас кишт гардад. Дар рафти семинар мутахассисон ба майдони таҷрибавии Муассисаи давлатии «Стансияи навъсанҷи» — и шаҳри Турсунзода баромада, бо навъҳои гандумҳои киштшуда аз наздик шинос шуданд ва аз се навъи гандум, яъне «Ормон», «Нормон» ва «Сомонӣ» даҳ ниҳолӣ гирифта дар озмоишгоҳ омӯхта баромаданд. Бояд қайд кард, ки дар майдони таҷрибавӣ зиёда аз 13 навъи гандум: — «Наврӯз», «Шарқ», «Норман», «Ваҳдат», «Исфара», «Ориён», «Садоқат», «Сомонӣ», «Ормон» ва ғайраҳо кишт шудааст. Гуфтанист, ки мақсади асосии ин машварат бозомӯзии мутахассисон оиди муайян намудани навъ, сифат ва талаботҳои агротеникии тухмии ғалла буда, минбаъд барои киштукор дар асоси ноҳиябандӣ тавсия дода хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






