ЧОПИ ШУМОРАИ 1500-УМИ НАШРИЯ

Июнь 25, 2010 14:07

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ шумораи 1500-уми нашрияи Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе-  «Паёми Душанбе» аз чоп баромад. Дар ин шумора гузорише аз ҷараёни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум,  сухани сардабири нашрия Мухбирҷон Кенҷаев зери унвони «Зиҳӣ Паёми азиз» ва дигар мақолаю мусоҳибаҳои рӯзноманигорони нашрия бо номи  «Ману пойтахт», «Ман дигаргуниҳои бузургро дар замони Шӯравӣ дарк карда будам»,  «Дидааст аз халқи рус имдодҳои беназир» ва дигар мақолаю хабарҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ гирд оварда шудаанд. Бояд зикр кард, ки рӯзномаи шаҳрии «Паёми Душанбе» беш аз 20 сол аст, ки нашр гардида, аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт маводҳои ҷолибро пешниҳоди хонандагон мегардонад. Рӯзнома ҳафтае ду маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  дастраси муштариёнаш мегардад.

Июнь 25, 2010 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар