КИШТИ ЧИГИТ АНҶОМ МЕЁБАД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кишти чигит дар саросари мамлакат рӯзҳои наздик анҷом меёбад. То имрӯз дар бештар аз 90 фоизи қитъаҳои замини барои кишти чигит ҷудокардашуда пахта корида шуд. Деҳқонони мамлакат то имрӯз дар масоҳати 164,5 ҳазор гектар чигит кориданд. Нақшаи кишти чигит дар ҳамаи вилояту ноҳияҳои мамлакат, ба истиснои вилояти Хатлон иҷро карда шуд. Мутахассисон иҷро нашудани нақшаи кишти чигитро дар вилояти Хатлон ба вазъи номусоиди ҳаво, зери об мондани масоҳати калони киштзор ва дар қаламрави Ӯзбекистон боздоштани вагонҳои тухмӣ ва сӯзишворӣ вбаста мекунанд. Хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи боришҳои тӯлонӣ 7,3 ҳазор гектар замини чигит коридашуда зарари калон дид, дар масоҳати 7,1 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Тибқи нақша деҳқонони мамлакат имсол бояд дар масоҳати 183,4 ҳазор гектар чигит коранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






