КОРВОНИ КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ХОРУҒ РАСИД
Хоруғ, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев). — Тавре хабар дода шуда буд, бо супориши Президенти ҷумҳурӣ аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Сардори давлат барои сокинони эҳтиёҷманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони кӯмаки башардӯстона ташкил карда шуд. Корвони мазкур 31 май ба шаҳри Хоруғ ворид гардид. Сокинони шаҳр корвонро бо суруру шодмонӣ истиқбол намуданд. Кӯмаки башардӯстона асосан барои иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, одамони бемору бесаробон, ятимон ва зарардидагони зилзилаи ноҳияи Ванҷ пешбинӣ шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯзҳо дар мавзеи Сурхсангов барои зарардидагони зилзилаи ноҳияи Ванҷ маҳаллаи нав бунёд карда мешавад. Бо корвони мазкур ба ВМКБ 68 ҳазору 700 килограмм орд, 34 ҳазору 135 килограмм биринҷ, 29 ҳазору 400 килограмм равғани наботӣ, 28 ҳазору 265 килограмм шакар, теъдоди зиёди либос ва пойафзол фиристода шуд. Сокинони вилоят аз ин ғамхории давлат ва хусусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле шоду хурсанд гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






