МАЪЛУМОТ БАРОИ РУШДИ СОХТОРИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 15, 2010 16:21

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —   Имрӯз бо мақсади дастгирии Бюрои маълумот оид ба қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш таъсис дода шуд, IFC ва Ташкилоти Олмон оид ба кӯмаки техникӣ бо ҷалби Бонки Миллии Тоҷикистон зиёда аз 90 мутахассисонро аз бонкҳо, ташкилотҳои молияи хурд, ширкатҳои мобилӣ ва муассисаҳои хизматрасониҳои гуногун ва ташкилотҳои омӯзиши касбӣ сарҷамъ намуданд, то онҳоро оид ба таҷрибаи пешқадам оид ба мубодилаи маълумот дар бораи қарз, ки дар сатҳи байналхалқӣ эътироф шудааст, омӯзонанд. “Таъсиси системаи боэътимод ва самараноки мубодилаи маълумот барои рушди сохтори молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аввалиндараҷа мебошад. Омӯзиши мазкур ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки роҳҳои ба ҳадафи мазкур расиданро аз худ намоянд” – гуфт сардори Шӯъбаи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки Миллии Тоҷикистон Искандар Давлатов. “Мо ба IFC барои дастгирии мунтазам дар соҳаи мазкур миннатдорӣ баён намуда, умедворем чунин ҳамкории самараноки мо давом хоҳад ёфт.”   Омӯзиш дар доираи лоиҳаи IFC оид ба беҳтар кардани муҳит баҳри рушди Бюрои хусусии маълумот оид ба қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2010 расман ба қайд гирифта шуд, гузаронида шуда истодааст. Пас аз он, ки бюро фаъолияти худро пурра оғоз мекунад, муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдор ба монанди ширкатҳои мобилӣ ва муассисаҳои истифодабарандагони ҷамъиятӣ ба маълумоти боваринок ва беғараз оид ба қарзгирандагон саривақт дастрасӣ хоҳанд пайдо намуд, ки ба онҳо ҷиҳати камтар сарф кардани вақт барои амалиётҳои қарздиҳӣ, кам кардани ҳаҷми қарзҳои пардохтношуда ва додани қарзи бештар ба соҳибкорони хурду миёна  имкон медиҳад. “Мақсад аз баргузор намудани омӯзиши мазкур шинос намудани муассисаҳои молиявӣ бо таҷрибаи пешқадами дар сатҳи байналхалқӣ эътирофгардида оид ба ҷараёни мубодилаи маълумот дар бораи қарз мебошад. Ман умедворам таҷрибаи дар ин соҳа доштаи IFC ба мутахассисони соҳаи бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ кардани дониши худ ва ҷиҳати барпо намудани шароити мусоиди соҳибкорӣ баҳри фаъолияти бюрои қарз имконият фароҳам меорад,” қайд намуд Мушовири IFC оид ба бюрои қарз ва идоракунии хавф Оскар Мадеду.                  

Июнь 15, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад