МАРОСИМИ СӮЗОНДАНИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Имрӯз аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ дар яке аз корхонаи саноатии пойтахт маросими сӯзондани доруҳои қалбакӣ баргузор гашт. Тавре сардори раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ подполковник Бухориев Мансур иттилоъ дод, ҳангоми гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ шаҳрванд Умед Маҳкамов, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани Вилояти Суғд, дар таърихи 27 феврали соли равон дастгир карда шуд. Дар натиҷа аз ӯ ба миқдори 17 ҳазору 77 қуттии доруи «Мезим – форте», 2 608 қутии доруи «Сомнол» ва инчунин 5 ампулаи «Ампиокс натрий» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ташхиси кимиёии идораи назорати давлатии фармасевтии пойтахт муайян карда шуд, доруҳои мазкур қалбакӣ мебошанд. Маблағи умумие, ки соҳибкор бояд ба даст меовард 214 ҳазору 18 сомонро ташкил медод. Мувофиқи қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе У. Маҳкамов 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бояд қайд кард, ки доруҳои қалбакӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дароварда шуданд. Айни замон тафтишот идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






