МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Ҳисор, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се сол сипарӣ гардид.Дар ин муддат дар ноҳияи Ҳисор як қатор корҳои назаррас ба анҷом расид. Аввалан, дар тамоми ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронида, моҳияти қонуни мазкур ҳамаҷониба фаҳмонида шуд. Сониян, аз ҷониби комиссияи доимӣ, бахши танзим ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гузаронидани санҷишҳои муштарак пеши роҳи қонуншиканиҳо саривақт пешгирӣ ва бартараф гардид.Ҳамчунин даъвати Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки хатнатӯи садҳо кӯдакон дар якҷоягӣ бо мадади шахсони босаховат баргузор гардад. Тавре Ҷамолиддин Саидов мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,- дар ҳақиқат қабули қонуни мазкур бисёр саривақтӣ ва зарурӣ буд. Маҳз ҳамин қонун имкон дод, ки бисёр зуҳуротҳои номатлуб аз байн раванд. Боиси тазаккур аст, ки рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ҳисор машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор мегардад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






