РӮЙХАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ КОНФРОНСИ ОБ ПУРРА ШУД

Июнь 4, 2010 15:56

Душанбе 4 июн, (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова).-Намояндагони боз  20 давлат ва 15 ташкилоти байналмилалӣ ба рӯйхати иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ дохил гардиданд. 8-10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» 2005-2015» баргузор мегардад. Макони баргузории Конфронси об маҷмааи давлатии «Кохи сомон» интихоб гардидааст. Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони 191 давлатҳои аъзои СММ, роҳбарони 20 ташкилоти СММ, зиёда аз 80 ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, ҳамчунин 120 муассисаҳои олию илмӣ, олимон ва мутахассисони як қатор давлатҳои ҷаҳон даъватнома фиристода шудааст. «То имрӯз дар кори Конфронс иштироки намояндагони 70 давлати ҷаҳон ва 65 ташкилотҳои байналмиллалӣ тасдиқ шудааст»-дар ин бора котиби Конфронси байналмилалии об ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Июнь 4, 2010 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид