ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЗАНБӮРЧАИ ТИЛЛОӢ» САЗОВОРИ ҶОИ ДУЮМ ГАРДИД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакон «Занбӯрчаи тиллоӣ» — хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Ҷонафзо Бурҳонова ва Айнулло Бўризода бо дастовез ба ватан баргаштанд. Дар ин фестивал, ки аз 26 то 31-уми май дар шаҳри Климовичи Ҷумҳурии Белорус доир гардид, онҳо фаъолона ширкат варзида, дар байни 18 кишвари ҷаҳон дар бахши сурудҳои анъанавӣ сазовори ҷойи дуюм гаштанд ва бо диплому тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, бо ин мақсад имрўз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ғолибонро ба ҳузураш пазируфта, онҳоро бо муваффақиятҳояшон табрик намуд. Ҳамчунин, роҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон Хосият Шарипова дар сўҳбат бо Вазири фарҳанг аз таассуротҳояш иброз дошта, зикр намуд, ки чун Тоҷикистон дар ин фестивал бори аввал иштирок намуд, онҳоро масъулин ва иштирокчиёни ҷашнвора хеле хуш қабул карданд. Дар хотима, вазири фарҳанг ғолибони фестивалро барои саъю кўшиши бештар ҳидоят карда, таманно намуд, ки дар оянда низ ғолибият насибашон гардаду парчамбардори Тоҷикистон бошанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






