ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Июнь 25, 2010 14:58

Қӯргонтеппа, 25  июн.(АМИТ«Ховар», Юсуфбек Беков).-Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бахшида ба рӯзи Вахдати миллӣ ва барои арзон  кардани нархи меваю сабзавот ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиро ташкил кард. Дар он тарбуз, пиёз картошка ва дигар маҳсулот ба фурӯш гузошта шуд.  Дар  ярмарка зиёда аз 20 тонна маҳсулот ба фурӯш рафт. Дар ин бора ҷонишини сардори идораи матлуботи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Муҳаммадӣ Эшонҷонов хабар дод. Номбурда гуфт,ки маҳсулот дар ярмарка нисбат ба нархи бозор аз 20 то 30 фоиз арзон фурӯхта шуд. М.Эшонҷонов зикр кард, ки ғайр аз ин тӯли моҳҳои гузашта  ба хориҷи кишвар  зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир карда  шуд. Харидорон дар мамлакатҳои дигар низ ба сифати маҳсули дастони деҳқонони тоҷик баҳои баланд медиҳанд. Чунин ярмаркаҳо дар маркази вилоят оянда низ ташкил карда мешаванд. Ҳоло матлубочиёни ноҳия якдилона барои захираи меваю савбзавот барои  тирамоҳу замистони 2010-2011 тайёрӣ мебинанд.  

Июнь 25, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад