32 НАФАР ШАХСОНИ МАНСАБДОР ҶАРИМА КАРДА ШУДАНД

Июль 19, 2010 12:14

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Саридораи назорати  давлатии бехатарии корҳо  дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Саридора мавриди амал қарор дод,- иброз дошт сардори саридораи мазкур Мурод Ҷумъаев. Дар Саридора 1515 корхона ва 13 ҳазору 964 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ, дар корхонаҳои бақайдгирифташуда аз тарафи 8 нозири давлатӣ ва 3 нозири комплексии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон 27 назорати комплексӣ, 152 мақсаднок, 329 фаврӣ, ҷамъ 508 назорати техникӣ гузаронида шудааст. Барои надидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 42 нафар роҳбарони корхонаҳо нишондод оид ба қатъ гардонидани фаъолият пешкаш гардонида шуд. Дар рафти назорати техникӣ 32 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, шахсони ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода, тибқи Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ба маблағи 14 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима карда шуданд.  

Июль 19, 2010 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад