5 НАФАР УСТОДОНИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ БО ПОРА ДАСТГИР ШУДАНД

Июль 20, 2010 09:19

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо оғози имтиҳоноти  қабул дар макотиби олии ҷумҳурӣ кирдори номатлуб; — ришваситонӣ аз ҷониби ашхоси тамаъҷӯ  зиёд мегардад. Бино ба гуфти сардори Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Файз Султонов, дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 5 нафар омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо гуноҳи гирифтани пора ба даст афтоданд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҷонишини декани факултаи информатикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҷалол Ҳакимов барои ба гурӯҳи буҷавии шӯъбаи рӯзонаи факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур қабул намудани довталаб Хурсанд Маҳмадалиев 1700 ва ба гурӯҳи буҷавии шӯъбаи рӯзонаи факултаи информатика қабул намудани Нуралӣ Одинаев 1500 доллари амрикоӣ талаб намуд. Кормандони Раёсати  Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон тибқи гузаронидани  як амалиёти фаврӣ ҳангоми гирифтани пора Ҷалол Ҳакимовро  дастгир  ва  ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нисбати боздоштшуда аз рӯи аломатҳои ҷинояти  пешбининамудаи моддаи 319 қ.2 ( аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора) – и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода тафтиш  мебарад. 

Июль 20, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар