947 ВОҲИДИ ҶОЙИ ХОЛӢ ДАР РАЁСАТИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Июль 14, 2010 11:23

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати хизмати давлатӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2010 дар назди васоити ахбори омма ҳисобот дод. -Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба Раёсат 1337 мавод ворид шудааст, ки асосан муроҷиати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ  оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҳимояи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ ва баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар гирифтааст,- иброздошта шуд дар конфронси матбуотӣ. Дар конфрос ҳамчунин иброз   шуд, ки дар мақомоти давлатӣ  дар ин давра 18 ҳазору 443 воҳиди корӣ муқаррар шудааст, ки аз ин  барои 947 воҳид то имрӯз ҷойи холии  кор нигоҳ дошта мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 2221 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта шуданд. Дар натиҷаи атестатсияҳо тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ,  1893 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ба мансаби ишғолнамудаашон мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд.Ҳамзамон, 212 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ дониста шуданд ва ба мансабҳои пасттар гузаронидан тавсия дода шуданд. Дар конфронс қайд карда шуд, ки Раёсати хизмати давлатӣ минбаъд фаъолияташро дар самти татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо. Батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунии захираҳои кадрӣ, тарбияи хизматчиёни давлатӣ, таҳкими иқтидори Раёсат ва Донишкада идома дода, иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузоштаро таъмин менамояд.

Июль 14, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид