БАЧАҲОИ БОЛАЁҚАТ БА ЛОНДОН МЕРАВАНД

Июль 6, 2010 14:43

Душанбе, 6 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори нахуст 12 нафар хонандагони гимназияи шаҳрӣ, ки барои бачаҳои болаёқат махсус гардонида шудааст,  ба пойтахти Британияи Кабир –шаҳри Лондон сафар менамоянд. Онҳо муддати ду ҳафта дар яке аз гимназияҳои назди Донишгоҳи Кембриҷи  Британияи Кабир ба омӯзиш ва истироҳат фаро гирифта мешаванд. Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло  Исломов иттилоъ дод, ки ҳадаф аз фиристонидани бачаҳои болаёқати пойтахт ба гимназияи Донишгоҳи Кембриҷ баланд бардоштани  савияи дониши бачаҳо  ва омӯзиши забони англисӣ мебошад.                Шамсулло Исломов афзуд, ки дар оянда бачаҳои болаёқати гимназия имкон доранд, ба Донишгоҳи Кембриҷ дохил шуда, таҳсилро идома диҳанд.

Июль 6, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид