БОЙГОНИИ ФИЛМҲОИ БОЗГӮКУНАНДАИ ОФАТИ ТАБИӢ
Душанбе,23 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). — «Мо тамоми ҳодисаю офатҳои табииеро, ки солҳои охир дар Тоҷикистон рӯй додаанд, ба лентаи тасвир бардоштем. Дар бораи фоҷиаи охирин- обхезии моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб рухдода филми ҳуҷҷатии 46 дақиқагӣ бардоштаем, ки дар нишасти матбуотии ҳисоботии охиринамон манзури намояндагони ВАО-и ватаниву хориҷӣ гардонидем»,- гуфт ба мухбири « Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, капитан Дӯстмурод Забиров. « 7 майи соли ҷорӣ пас аз он ки ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабари обхезӣ расид, ҳамаи кормандони маркази матбуот дар қатори аввалинҳо ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Дар соати 8-у 30 дақиқа мо аллакай дар ҷойи ҳодиса будем ва ҳамаи оқибатҳои фоҷиаро ба навор гирифтем: хонаҳои харобгашта, модарони дар ғаму мотам нишаста, кори наҷотдиҳандагон ва дигар чизҳоро»,-ба ёд меорад Д. Забиров. Қайд кардан бамаврид аст, ки филми фоҷиаи Кӯлоб, ки дар нишаст намоиш дода шуд, ба намояндагони ВАО таъсири калон расонид. Филми мазкур имкон медиҳад,ки миқёси фоҷиа ва амалиёти сохтору идораҳои дахлдор дар ҳолатҳои фавқулодда пурра намоён гардад. Дар айни замон дар маркази матбуот аллакай бойгонии филмҳои ҳуҷҷатӣ аз ҷойи ҳодисаю фоҷиа ва офатҳои табиӣ мавҷуд аст. « Дар бойгонии филмҳо 35 фитта, ки ҳодисаю офатҳои табииро аз соли 2004 то ин дам дар бар мегирад, 65 фиттаи DVD, ки ҳодисаҳои фавқулоддаро аз соли 2007-ум то ба ин дам фарогир аст, мавҷуд мебошад. Дар ин филмҳо ҳамчунин заминҷунбии Қумсангир ( соли 2006) , заминҷунбии Рашт ( соли 2007), заминҷунбии Ванҷ ( соли 2010), обхезии ноҳияи Ҳамадонӣ ( соли 2005), обхезии Кӯлоб ва Восеъ (соли 2010), тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ( аз соли 2004 то инҷониб) инъикос гардидаанд. Ҳамчунин мо ҷасади ҳамаи он нафаронеро, ки дар соли ҷорӣ дар дарёҳо ғарқ шудаанд, ба навор гирифтаем»,- гуфт Д.Забиров. Ёдовар мешавем, ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ соли 1999 ташкил ёфтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






