ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ БЕШ АЗ 1 МЛРД ДОЛЛАР

Июль 20, 2010 09:21

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 1 млрд. 688,6 млн. доллари амрикоӣ расид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 72,4 млн. доллари амрикоӣ зиёд  аст. Аз рӯи маълумоти  Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, баланси савдои ҶТ дар ин муддат манфӣ арзёбӣ гардида, 574,4 млн. долларро ташкил додааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муносибатҳои савдоии худро бо 87 давлати ҷаҳон аз ҷумла,  10 давлати ИДМ ва 77 давлати хориҷи дур ба роҳ мондааст. Маҳсулоти содиротии ҶТ дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 557,1 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар содироти мол бартарии давлатҳои хориҷи дур бештар буда, он 86,9 фоизро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳҳои январ – июни соли 2010 содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон 91,9 фоиз кам гардидааст.

Июль 20, 2010 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид