ХАТТОТОНИ ЭКО ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Июль 2, 2010 09:57

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии хатоттони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои  иқтисодӣ/ЭКО/ баргузор мегардад. Дар он  200 намунаи кори хаттотони  кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Покистон, Озарбойҷон, Туркия ва Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори пажӯҳишгоҳи фарҳанги  ЭКО гузаронида шуда, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои фарҳанги байни кишварҳои аъзои ЭКО мебошад. Аз пажӯҳишгоҳи фарҳанги  ЭКО ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин намоишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбею Кӯлоб ва Хуҷанд гузаронида шуда, дар онҳо намунаҳои  гуногуни кори хаттотон, дастнависҳои нодир ва дигар маводу датгоҳҳои марбут ба ҳунари хаттотӣ,   ки устодону ҳунармандони бахши хаттотии кишварҳои ЭКО офаридаанд, ба намоиш гузаронида мешаванд. Мавриди зикр  аст, баргузории намоишгоҳи байналмилалии хаттотони кишварҳои ЭКО дар Тоҷикистон дар асоси қарори директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанги ЭКО Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ моҳи майи соли равон зимни баргузории намоишгоҳи хаттотӣ дар шаҳри Қазвини Эрон қабул шуда буд.

Июль 2, 2010 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар