КИШВАРҲОИ УЗВИ МАГАТЭ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА МЕКУНАНД

Июль 26, 2010 11:57

Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-26 июл дар шаҳри  Душанбе дар мавзуи «Идоракунии  бехатарии партовҳои радиоактивӣ ва  манбаъҳои ионзо» семинари 5- рӯзаи минтақавӣ оғоз ёфт. Директори Агентии  амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ҳадаф аз баргузории семинари минтақавӣ дар Душанбе баррасии амиқи масъалаҳои вобаста ба идоракунии бехатарии партовҳои  радиоактивӣ ва манбаъҳои ионзо, бахусус омӯзиш ва тартиби гӯронидани  манбаъҳои ионзо, тавлиди манбаъҳои ионзо буда, иштирокдорони семинар дар ин самт табодули таҷриба менамоянд. Семинари минтақавӣ бо ибтикори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) созмон дода шуда, дар он  намояндагони беш аз 10 кишвари аъзои МАГАТЭ –Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Литва,  Эстония ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Дар оғози кори семинар Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ӯлмас Мирсаидов ба иштирокдорони ин чорабинӣ роҷеъ ба фаъолияти Агентӣ, корҳои муҳими дар ин самт ба анҷом расонидашуда дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби парлумон дар мавриди партовҳои радиоактивӣ қабул шудааст ва таъмири партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишвар  ибрози назар кард. Зикр шуд, ки дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ корҳои муҳимеро ба сомон расонидааст, ки яке аз онҳо таъмири партовгоҳи раиоактивӣ воқеъ дар ноҳияи Файзобод аст.

Июль 26, 2010 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид