«КОМРОН»-БЕҲТАРИН КОРХОНА

Июль 20, 2010 14:17

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров , 20 июл. ( АМИТ « Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар нимсолаи аввали соли  2010 аз 28  корхонаи амалкунандаи саноатии ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  17 корхона  ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулотро аз 101 то 312  фоиз таъмин  намуданд. Ҷаъмияти   масъулияташ   маҳдуди  Алфа-Пет»,  Ҷамъияти cаҳҳомии пӯшидаи « Умар» , Ҷамъияти саҳҳомии «Сомғор»,  Ҷамъияти  саҳҳомии кушодаи  « Комрон»  аз ҷумлаи  корхонаҳои  саноатии  пешқадаманд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ « Ховар» раиси ин ноҳия  Лутфулло Муҳиддинов  хабар дод. Тавре  Лутфулло Муҳиддинов зикр намуд, аз  ҷониби саноатчиёни  ноҳия дар давраи  ҳисоботӣ ба маблағи  умумии 30,3  миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол шудааст , ки ин 107,5-ро  ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ  сохтмончиёни ноҳия низ  хуб меҳнат намуданд .  Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  аз ҷониби    онҳо  ба маблағи қариб  ду миллион сомонӣ  корҳои пудратӣ  анҷом дода шуданд.   Дар натиҷаи ташкили  корҳои самарабахш дар  соҳаҳои  мухталифи хоҷагии  халқ дар  нимсолаи аввали  соли 2010 ба буҷаи   ноҳия 30,2  миллион сомонӣ  маблағ ворид гаштааст, ки  аз нақшаи  пешбинишуда  3,4 миллион  зиёд аст.           

Июль 20, 2010 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар