НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМҲОИ АФҒОНӢ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Эшонқулова) – 16 июл дар кохи «Ҷомӣ» ду филми бадеии истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муаррифӣ гардид. Дар ин бора аз сафорати Афғонистон дар Точикистон, ки ташкилкунандаи чорабинии мазкур маҳсуб мешавад, ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар маросими муаррифии филмҳо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмуҳаммад Хайрхоҳ, аҳли илму адаби кишвар ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ширкат намуданд. Ба дӯстдорони санъати кино филми коргардони боистеъдоду ҷавон Салими Шоҳин намоиш дода шуд, ки филми мазкур драмаи ишқу ошиқӣ буда, муҳаббат ва зиндагии мардуми афғонро бозгӯ менамояд. Муаррифии ҷашнвора бо намоиши филми «Шикасти қалбҳо» ба анҷом расид — хабар доданд аз сафоратхона.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






