ОЛИМИ БАРҶАСТАИ КИМИЁИ ТОҶИК СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ГАРДИД

Июль 16, 2010 12:21

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Олими барҷастаи кимиёи тоҷик, академик Улмас Мирсаидов  дар Озмуни илмӣ ва технологии соли 2010, ки дар давлати Марокко баргузор гардид, ширкат варзида, дар миёни намояндагони давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар соҳаи кимиё сазовори медали тилло, сертификат ва мукофотпулӣ ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, озмуни мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида  ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 аз ҷониби Созмони исломии оид ба илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) моҳи марти соли равон эълон гардида буд. Дар озмун ҳамчунин дар соҳаи биология аз Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҳусейн Баҳорванд, дар соҳаи геология аз Ҷумҳурии Исломии Покистон – Муҳаммад  Қосимҷон, дар соҳаи математика аз Урдун — Одибат Заид, дар соҳаи физика аз Фаластин – Шабат Муҳаммад ва дар соҳаи технология аз Малайзия — Емби Муҳаммад Амин ғолиб гардиданд.  Маросими супоридани мукофот ба ғолибон 19-21 октябри соли равон дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала Лумпур доир мегардад.                                                                                                                                    

Июль 16, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад