ОЗАРИҲО ҶОМИ «ФИРДАВСӢ»-РО БА БОКУ МЕБАРАНД

Июль 14, 2010 10:18

Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дуюмин мусобиқаи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ, ки дар  шаҳри Душанбе доир шуд, ғолиб баромада, соҳиби Ҷоми Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд. Зинаи дуюми  мусобиқа насиби варзишгарони тоҷик ва ҷойи сеюм бошад насиби намояндагони варзиши зурхонаии Эрон гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Мавриди зикр  аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади ташвиқ ва тарғиби намуди варзиши зурхонаӣ, ҷалби ҷавонон ба он ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар ин намуди варзиш гузаронида шуда, дар он дастаҳои варзишгарон аз кишварҳои  Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Покистон ширкат доштанд. Мусобиқаи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ, ки дар толори зӯрхонаи ба номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе доир гардид, бо иқдоми Федератсияи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ, Федератсияи варзишҳои зурхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.  

Июль 14, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад