ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ АНДӮХТИ НАФАҚАВӢ

Июль 8, 2010 09:34

Душанбе, 8июл. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   С. Фозилов, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои аъзои ИДМ аввалин давлатест, ки пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии шахсони суғурташударо ба роҳ мондааст.  Боис ба ёдоварист, ки аз 1 –уми июли соли 2009 Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вазорати мазкур ба таъин ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии  шахсони суғурташуда оғоз кардааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ барои гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавии инфиродӣ 20 ҳазору 724 ариза  ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора  ба 16 ҳазору 670 нафар нафакагирон ба миқдори 3 млн. 216 ҳазору 426 сомонӣ тариқи оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ — «Амонатбонк» маблағҳои андӯхти нафақавӣ пардохт карда шудааст.

Июль 8, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад