ПАРЛУМОНИ ДУПАЛАТАГА ЗАРУР АСТ?

Июль 1, 2010 15:32

Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Низоми парлумони дупалатагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон аст»,  гуфт зимни мулоқоташ бо хабарнигорон Раиси фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар Маҷлиси намояндагон  Ҷумъабой Сангинов. Мавсуф дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон то чӣ андоза ба фаъолияти парлумони дупалатагӣ зарурат дорад? афзуд, ки ҳар як масъалае, ки вобаста ба низоми идораи  давлатӣ  дар Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад, бояд ягон асосе барои таҷдид ва баррасӣ дошта бошад. Раиси фраксияи ҲХДТ зикр кард, ки алҳол палатаи болоии парлумони мамлакат фаъолияти муассир дорад.  Фаъолияти Маҷлиси  миллӣ ягон монеъае барои пешбурди фаъолияти парлумон ва рушди сиёсию иқтисодии кишвар эҷод накардааст. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати баррасии низоми нави парлумон дар ҷомеа мавҷуд нест. Агар чунин зарурат пайдо шавад,   мақоми қонунгузори кишвар атрофи он андеша менамояд.

Июль 1, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад