ПЕШНИҲОДИ ХУЛОСАИ ҲУҚУҚӢ БА 471 САНАД

Июль 23, 2010 14:25

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал дар  соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ  ба 477 лоиҳаҳои санадҳои меъёрю ҳукуқӣ ва 471 санадҳои ҳуқуқии хусусияти байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Дар давраи ҳисоботӣ 53 санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ аз Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф, тандурустӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо барои ба қайдгирии давлатӣ пешниҳод гардиданд, ки аз онҳо 23 санад ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бақайдгирии 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ рад карда шудааст. Дар конфронси матбуотие, ки ба  муносибати ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» баргузор гардид,  сабаби рад намудани ин санадҳоро  ба қонунгузории амалкунанда  мухолифат доштани мазмуни алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя накардани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, бе асоси қонунӣ қабул намудани санад ва аз доираи ваколатҳо баромадани мақоми қабулкунандаи он маънидод намуданд. Дар  ин муддат аз ҷониби вазорати адлия бевосита 25 лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ таҳия карда шуданд. Дар конфронси матбуотӣ ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ , мутахассисони соҳаи адлия бо аҳолӣ  791 вохӯрӣ гузаронида, тариқи воситаҳои ахбори умум беш аз 185 маротиба баромад намудаанд. Бо мақсади баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти  мутахассисон  дар давраи ҳисоботӣ,   3 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии  маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 25 нафар довталаб  ба кор қабул гардиданд. Сипас миёни хабарнигорон ва кормандони вазорат муколамаи ошкоро сурат гирифт ва то дараҷае хабарнигорон аз ин  тарзи баргузории конфронс    қаноатманд гардиданд.

Июль 23, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид