РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ ИТТИЛООТӢ ДАР КИТОБХОНАҲО

Июль 28, 2010 15:05

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ-амалии «Китобхонаҳо дар шароити рушди технологияи муосири иттилоотӣ» доир шуд. Дар кори конфронс намояндагони китобхонаҳои кишвар ва хориҷ, коршиносон, кормандони китобхонаҳо, донишҷӯён ширкат варзиданд. Аз ҷумла, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон – Алла Аслиддинова дар мавзӯи «Китобхонаи рақамии ҷаҳонӣ ва китобхонахои Тоҷикистон», намояндаи Китобхонаи Конгресси ИМА дар Покистон ва Ҳиндустон – Карол Мичелл дар мавзӯи «Китобхонаи Конгресси ИМА: дастовардҳо ва дурнамои фаъолият», директори Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ Шариф Тошев дар мавзӯи «Фонди электронии Китобхонаи миллии ҶТ ва дастёбии он» баромад карданд.     Дар ҷамъбаст намоиши китобҳо таҳти унвони «Китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ» баргузор гардида, китобҳои тозанашр ва аз фонди китобхона китобҳои гуногун пешкаши иштирокчиёни конфронс гардид.              

Июль 28, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид