СААД БА ҚИРҒИЗИСТОН КӮМАКИ ТАЪҶИЛӢ МЕРАСОНАД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷавонмардова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард. Н.Бордюжа баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар бораи мавзӯъҳои муҳокимашуда сухан ронд. Вай иброз дошт, ки дар ҷараёни сӯҳбат аз ҷумла вазъияти имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ карда шуд. Муншии умумии СААД хабар дод, ки Президенти Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмакҳои таъҷилӣ ба Қирғизистон қарори махсус имзо кард. Қарори мазкурро котибони Шӯрои амнияти СААД пешниҳод карда буданд. Ҳадафи он расонидани кӯмак ба мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Ҷумҳурии Қирғизистон ва дастгирии онҳо дар масъалаи таъмини вазъи мӯътадили қисмати ҷанубии мамлакат мебошад. Ба қавли Н.Бордюжа, зимни сӯҳбат тадбирҳои дигаре низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ҳадафи онҳо таҳкими сулҳу субот дар Қирғизистон мебошад. Н.Бордюжа аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо СААД ва муносибатҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо тадбирҳои созмон барои ҳалли проблемаҳои бамиёномада изҳори қаноатмандӣ намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






