ҚУВВАОЗМОИҲОИ ИНТИХОБИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ СОЛИ 2012 ШУРӮЪ МЕШАВАНД

Август 16, 2010 12:03

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Қувваозмоиҳои нахустини интихобии Бозиҳои олимпии соли 2012 аз аввали соли 2011 оғоз меёбанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 35 дастаи миллии футболи мамлакатҳои гуногун барои иштирок дар бозиҳои олимпии соли 2012 ариза пешниҳод кардаанд.  Дар байни онҳо дастаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон қувваозмоиҳои нахустини худро аз аввали соли 2011 оғоз менамояд. Дар оғози соли оянда 22 даста бо ҳамдигар қувваозмоӣ хоҳанд кард. 11 дастаи ғолиб рӯйхати 13 дастаи боқимондаи мунтахабро пурра мекунад. Дар даври дуюми қувваозмоиҳо 12 ҷуфти дастаҳо қувваозмоӣ хоҳанд кард. Баъдан аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм бо роҳи қуръапартоӣ дастаҳои миллӣ ба се гурӯҳ ҷудо карда хоҳанд шуд. Даври аввали қувваозмоиҳо 23 феврали соли 2011 оғоз меёбад. Ҳамон рӯз бозии нахустини интихобӣ гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сартренер Шариф Назаров моҳи июни соли 2010 дар доираи тайёрӣ ва қувваозмоиҳои интихобӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин машқ мекунад. Футболбозони тоҷик дар ҷараёни машқ бо дастаи мунтахаби ин мамлакат қувваозмоӣ карданд. Қувваозмоии мазкур бо ҳисоби калони 0:4 ба фоидаи футболбозони чинӣ анҷом ёфт.

Август 16, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид