АЗ ҲОСИЛИ КИШТИ ТАКРОРӢ ҚАНОАТМАНДЕМ

Август 17, 2010 09:39

 Файзобод,17 август.(Амит “Ховар”,Зебо Давлатова) Тавре  сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Файзобод Ҳукматулло Қодиров ба хабарнигори АМИТ ”Ховар”хабар дод, кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд,ки мувофиқи  нақша  кишти такрориро дар майдони 76 гектар сари вақт ба анҷом расонанд.То имрӯз баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар майдони 65 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, дар он     бодирингу лӯбиё,картошкаю помидор,ҷуворию мош ва тарбузу харбуза кошта шуд. Айни замон нашъунамои бодиринг,ки дар майдони 8 гектар дар хоҷагиҳои ба номи Рӯдакӣ,  Мизробшоҳ ва хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоати Бӯстон  кишт шудааст,хеле хуб буда, деҳқонон  боварӣ доранд,ки аз он ҳосили хуб ба даст меоранд.Деҳқонони хоҷагиҳои деҳқонии Иброҳим Салимов ва Назар Мисоқов дар масоҳати 2 гектар картошка шинондаанд.Кишоварзони хоҷагии деҳқонии Меҳробод дар масоҳати 3 гектар помидор шинонида, аллакай ҳосили онро пешкаши харидорон намуданд. Ҳукматулло Қодиров афзуд,ки вобаста ба шароити иқлими ноҳия деҳқонони ҷамоати деҳоти Бӯстон бори аввал дар масоҳати 3 гектар     мош коридаанд,Инчунин,дар  15 гектар зироатҳои полизӣ, аз қабили пиёзу картошка,помидору бодиринг ва дигар намудҳои  сабзавот  корида шудааст.Имрӯзҳо тамоми зироатҳое,ки дар  ҳудуди ноҳия баъди кишти такрорӣ шинонида шудаанд ,хуб нашъу намо доранд ва бо боварӣ гуфта метавонем,ки дар арафаи Иди Истиқлол шаҳрвандонро бо маҳсулоти тару тоза таъмин карда менамоем.                       

Август 17, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад