БЕҲТАРИН ИХТИРООТ — НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ КАВИТАТСИОНӢ

Август 17, 2010 13:59

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қаламрави вилояти Суғд озмуни беҳтарин ихтирооти сол ҷамъбаст гардид. Ин озмун ҳафт сол инҷониб ба таври анъанавӣ, бо мақсади рушду инкишофи иқтисодии ҷумҳурӣ, пешравии илму техника, ҳавасмандии ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва такмили муносибатҳои истеҳсолӣ баргузор мегардад. Аз соли 2003 то имрӯз ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 85 нафар ихтироъкорони корхонаҳои саноатии вилоят ва мактабҳои олӣ 79 номгӯи ҳуҷҷатҳои ихтироотро пешниҳод кардаанд. Соли ҷорӣ аз тарафи 10 нафар ихтироъкорон 19 номгўи ҳуҷҷатҳои ихтироот пешниҳод гардид, ки онҳо ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноати бофандагӣ, сохтмон, металлургия, тиб, электротехника ва кимиё тааллуқ доштанд.    Ҷойи аввал ба ихтирои сармутахассиси шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилоят Раҳматҷон Раҳматов барои сохтани нерӯгоҳи барқи обии кавитатсионӣ дода шуда, ӯ бо дипломи дараҷаи якум ва бо маблағи 2500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷойи дуюм ба ихтирои дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Массаид Шерматов – барои пешниҳоди усули нави шинонидану сабзонидани ниҳолҳо дар мавзеъҳои беоб дода шуда, бо дипломи дараҷаи дуюм ва 1500 сомонӣ маблағ мукофотонида шуд. Ҷойи сеюм ба ихтирои раиси Ташкилоти ҷамъиятӣ-эҷодии «Суғд навовар» Нӯъмон Ҳасанов оид ба кам кардани сарф барои харидории қисмҳои эҳтиётии дастгоҳи махсус барои барқарор намудани пошдиҳандаи форсункаҳо дода шуда, ба ӯ дипломи дараҷаи сеюм ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи август рӯзи ихтироъкорон ва навоварон эълон гардидааст.

Август 17, 2010 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад