КОҲИШИ ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА ДАР СУҒД

Август 17, 2010 09:44

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд майдони наздик ба 270 ҳазор гектар кишт шудааст, ки аз ин шумора 196 ҳазор гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ин давра ба 721,7 миллион сомонӣ расид. Ин нуқта зимни ҷаласаи кории раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, 16 август зикр гардид. Оид ба ҷамъоварии ғалладонагиҳо иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз  майдони зиёда аз 72 ҳазор гектар ғалладонагиҳо дарав шуданд, ки ин 81,8 фоизи майдони киштшударо дарбар мегирад. Бинобар суст будани ҷамъоварии ҳосили имсола дар навоҳии Ғончӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дарави ғалладонагиҳо  пурра ба охир нарасидааст. Роҷеъ ба истеҳсоли ғалла таъкид гардид, ки новобаста аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат перомуни аз заминҳои обӣ гирифтани ҳосили баланди ғалладонагиҳо дар вилоят нисбат ба сатҳи ҳафтмоҳаи соли гузашта истеҳсоли ғалла 18,2 ҳазор тонна кам гашта, дар ноҳияҳои Ғончӣ, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов ҳосилнокии ҳар гектари ғалладонагиҳо аз 20 сентнерӣ паст шудааст. Вобаста ба кишти такрорӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ то ба имрӯз дар майдони зиёда 50 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нақшаи пешбинишуда пурра таъмин гардид. Мавриди зикр аст, ки гарчанде майдони кишти такрории зироатҳо нисбат ба соли гузашта зиёд ва нақша иҷро шуда бошад ҳам, аммо 72 фоизи заминҳои кишти такрориро дар вилоят парвариши хошоки чорво ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, раиси вилоят фаъолияти роҳбарон ва масъулини соҳаи кишоварзиро дар ин бобат мавриди интиқод  қарор дода, супориши қатъӣ дод, ки минбаъд дар  заминҳои  кишти такрорӣ хошоки чорво аз 30 % зиёд кишт карда нашавад.

Август 17, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид