РӮЗИ ТАВВАЛЛУДИ БУЗУРГОНРО ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Август 5, 2010 15:25

Душанбе, 5  август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Осори гаронбаҳои  фарзанди фарзонаи миллати тоҷик,нобиғаи   нотакрори  сатҳи  ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино дар тамоми рӯи олам китоби рӯимизии   табибон буду ҳаст.Шогирди бовафои ӯ Ҷузҷонӣ қариб тамоми лаҳзаҳои ҳаёту фаъолияти ин алломаи бузургро рӯи  коғаз овардааст.      Аз ҷумла,тибқи бисёр сарчашмаҳо рӯзи таваллуди Сино на 18 август, балки 16 август аст.18 август бошад рӯзи вафоти Абӯалӣ Ибни Синост.Ин факту рақамҳо дар китоби Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик ва дар китоби олими варзида Мӯсо Диноршоев мавҷуданд. Вале ҳамасола табибони мамлакат иди касбии худро  18 август-яъне рӯзи вафоти Сино ҷашн мегиранд.Шояд баъзеҳо гӯянд,ки ин рӯзи ёдбуди Ибни Синост,вале дар рӯзи ёдбуд тантана кардан хуб нест.Бинобар ин агар табибони мамлакат иди касбии худро аз 18 август ба 16 август –яъне рӯзи таваллуди шифокори бузург Абӯалӣ Ибни Сино мегузарониданд, мантиқан дуруст мешуд.                                   

Август 5, 2010 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид