РИОЯИ ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Август 10, 2010 14:45

Ваҳдат,10 август.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова).-Тибқи иттилои   мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Ваҳдат Давлаталӣ Бегов кормандони  бахши мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» корҳои зиёдро ба анҷом расониданд. Дар ин давра 3653 ҷашну маърака,аз ҷумла 200 хатнасӯр,2184 тӯйи домодию арӯсӣ ,447 маросими  дафн,308 маросими чил ва 336 маросими сол гузаронида шуд,ки дар ин маъракаҳо 608 чорвои калон ва 1674 чорвои хурд забҳ гардид. Маблағи умумии хароҷот 9 миллиону 608 ҳазору 815 сомониро ташкил медиҳад,ки ба ҳар як маърака 2630 сомонигӣ рост меояд. Давлаталӣ Бегов афзуд,ки баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳо, ба қонуншиканиҳо роҳ надодани шаҳрвандон аз ҷониби масъулини шаҳри Ваҳдат комиссияи махсус фаъолият карда истодааст.Ҳар рӯзи сешанбе дар якҷоягӣ бо намояндаи мақомоти маҳаллӣ  ва масъулини ҷамоатҳои деҳот дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо шаҳрвандон сӯҳбат гузаронида мешавад.

Август 10, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид