ТАВАҶҶӮҲИ ДИПЛОМАТИ ГУРҶИСТОНӢ БА ТАЪРИХИ ПАНҶАКЕНТ

Август 23, 2010 16:05

 Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Кублашвили Георгий ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ ва мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳри бостонии Панҷакент ташриф оварда, аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и шаҳр ва вазъи сохтмони мактаби навбунёди шаҳраки Шӯрча дидан кард. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки мактаби навбунёд дорои 6 синфхона буда, дар он 144 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Маблағи сохтмон 768.800 сомониро ташкил дода, қисми асосии корҳоро тариқи ҳашар ба ҷо оварда истодаанд. То охири моҳи октябри соли равон бинои асосии таълимгоҳ қомат рост мекунад. Дипломати гурҷистонӣ ҳамчунин аз мавзеи Қайнаҳр, шаҳраки давраи асримиёнагӣ, ки ба садаҳои V-VIII тааллуқ дорад, осорхонаи кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва мавзеи бостонии Саразм дидан кард. Мавриди зикр аст, ки дар тӯли 1500 соли мавҷудияташ шаҳри Саразм ҳамчун яке аз шаҳракҳои қадимтарини Осиёи Миёна дар ташаккулёбӣ ва рушди фарҳанги ориёӣ нақши бузург бозидааст. 

Август 23, 2010 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид