АДИБОНИ СУҒД БО НИШОНҲОИ ФАХРӢ ҚАДР ШУДАНД

Сентябрь 29, 2010 14:34

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -28 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд. Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ мақому манзалати зиёиён, аҳли адабу илмро дар ҷодаи таҳкими давлатдорӣ, созандагию худшиносии миллӣ, рушди маънавиёт ва фарҳанги муосири тоҷикон нек арзёбӣ намуда, ба чанде аз адибону олимони вилоят Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим дошт. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар суханронияш аз ҳадафҳои баргузории анҷуман-машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон, масъалаҳои марбут ба адабиёту ҳунар ҳарф зада, ба чанд нафар шоирону нависандагони вилоят нишонҳои ҷоизаи «Сухан», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро тақдим дошт. Аз ҷумла, адибон ва зиёиён Мубинҷон Юсуфов, Усмонҷон Ғаффоров, Дадоҷон Раҷабӣ, Абдуҳаким Шарифов, Саидамин Ҷило, Аюб Кенҷа,  Озарахш, Урунбой Усмонов, Нарзулло Азизиён ва Маҳваш ба унвону мукофотҳо сазовор гардиданд.

Сентябрь 29, 2010 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар