БОЗ ДУ ТАН ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Сентябрь 21, 2010 16:08

         Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи изҳороти Вазорати мудофиаи ҶТ, боз ду тан хизматчии ҳарбӣ, ки рӯзи 19 сентябри соли равон зимни ҳуҷуми ногаҳонии гурӯҳи террористии дар водии Рашт ҷароҳати вазнин бардошта буданд, шаби гузашта аз олам даргузаштанд.             Ҳамзамон, Вазорати мудофиаи ҶТ хабарҳои дар ВАО паҳншударо, ки гӯё зимни ба вуқӯъ пайвастани ин амали террористӣ 40 нафар ба ҳалокат расида бошанд ва беш аз 25 нафар бе ному нишон гардидаанд, қатъиян рад намуда, тамоми рӯзноманигорони ВАО-и дохилӣ ва хориҷии мамлакатро бар он даъват менамояд, ки аз навиштани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу иғвоангез худдорӣ намоянд. Дар ҳамкории наздик бо хадамотҳои матбуотии мақомоти дахлдори кишвар воқеиятро дар воситаҳои хабарӣ ба табъ расонанд.             Инчунин дар изҳорот гуфта шудааст, ки вобаста ба паҳн гардидани хабар дар хусуси он ки гӯё собиқ қумондони мухолифи тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов ва чанд тан аз ҷонибдорони ӯ яроқу аслиҳаи оташфишони худро ба мақомоти дахлдор супурда бошанд, Вазорати мудофиа ин нигоштаро низ қатъиян рад намуда, изҳор медорад, ки М. Аҳмадов ва тарафдорони ӯ то ҳол аслиҳаи ҷангии худро ба ягон мақомоти давлатӣ ва ё қудратӣ насупоридаанд.             Айни замон, аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои ҳама мақомоти қудратии кишвар, амалиёти дастгиркунӣ ва ҷустуҷӯи гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди водии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дошта, баҳри дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо тамоми чораҳои фавриву мушаххас амалӣ гашта истодаанд.             Дар робита бо ин ҳодиса ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи ҶТ  бисёр андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ин амали террористӣ фарзандонашон ба ҳалокат расидаву ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ҳамдардии хешро баён мекунанд ва ба онҳо изҳори тасаллият менамоянд.                 

Сентябрь 21, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад