КӮМАК БА БЕПАРАСТОРОН ДАР АРАФАИ ИДҲО
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар арафаи Рӯзи дониш аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб- парваришгоҳи №1-и ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки хайрия расонида шуд. Аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кӯмаки мазкур аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду биринҷ, шакару равған, гӯшту сабзавот ва дигар намудҳои хӯрокӣ, дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ иборат буда, ба дастпарварони муассисаи мазкур дар арафаи идҳои Фитру Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави хониш, чун анъана, пешкаш гардид. Дар баробари ин, «Амонатбонк» тасмим дорад, ки дар таъмири бинои хобгоҳи тарбиятгирандагону синфхонаҳои мактаб ва таъмини маводи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ то мавсими сардиҳо саҳм бигирад. Ёдовар мешавем, ки мактаб-парваришгоҳи №1-и ноҳияи Рӯдакӣ 300 нафар ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоатро аз тамоми манотиқи кишвар ба тарбия фаро гирифта, «Амонатбонк» сарпарастии онро ба ӯҳда дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






